- Тоҷикӣ 250 -
МАҒАЛ/САДО
Чӣ тавр метавонам
садоро хомӯш кунам?
Барои хомӯш кардани садои дастгоҳ, қисми болои тугмаи
идоракуниро пахш намоед. Вақте ки навори баландии садо дар
экран пурра холӣ мешавад, баландии садо хомӯш карда мешавад.
Чаро ман садоро
намешунавам? Чаро
ман гиряи кӯдаки
маро намешунавам?
Чаро ман танҳо қисми
интиқоли садоро қабул
мекунам?
Эҳтимол баландии садо дар воҳиди волидайн ба дараҷаи пасттарин
танзим карда шудааст ё хомӯш мебошад. Барои баланд кардани
дараҷаи садо, қисми болои тугмаи идоракуниро пахш намоед.
Эҳтимол, воҳиди волидайн хомӯш аст, бо зеркунии қисми болои
тугмаи идоракунӣ садоро фаъол кунед ва баландии садоро танзим
намоед.
Ҳассосият ба дараҷаи пасттарин танзим карда шудааст, ҳассосиятро
дар менюи воҳиди волидайн ба дараҷаи баланд танзим кунед.
Эҳтимол воҳиди назорати кӯдак аз кӯдаки шумо хеле дур аст. Барои
муайянкунии садои беҳтарин, боварӣ ҳосил кунед, ки воҳиди
назорати кӯдак аз кӯдаки шумо на дур аз 1,5 метр/ 5 фут ҷойгир
шудааст. Масофаи кам аз 1 метр /3,5 фут хатари нафастангӣ (буғӣ)-
ро барои кӯдаки шумо зиёд мекунад.
Чаро воҳиди волидайн
нисбат ба овозҳои
кӯдаки ман овозҳои
дигарро тезтар муайян
мекунад?
Воҳиди назорати кӯдак ба ғайр аз овозҳои кӯдаки шумо инчунин
овозҳои дигарро муайян мекунад. Воҳиди назорати кӯдакро ба
кӯдаки худ наздиктар ҷойгир кунед (масофаи наздиктарин бояд
зиёда аз 1 метр/ 3,5 фут бошад).
Эҳтимол дараҷаи ҳассосият ба дараҷаи баландтарин танзим
шудааст. Вақте ки кӯдаки шумо овозҳои заиф мекунад, ҳассосият
бояд ба дараҷаи баландтар танзим карда шавад. Новобаста аз ин,
чӣ қадар кӯдаки шумо баландтар овоз медиҳад, он қадар дараҷаи
ҳассосият бояд пасттар танзим карда шавад. Шумо метавонед
дараҷаи ҳассосияти монитори кӯдакро дар менюи воҳиди волидайн
иваз кунед.
Чаро аз воҳиди
волидайн садои баланд
мебарояд?
Халалҳои радиоӣ пайдо мешаванд вақте ки воҳиди волидайн аз
доираи диапазони воҳиди назорати кӯдак берун мебошад. Халалҳои
радиоӣ пайдо мешаванд, вақте ки байни воҳиди волидайн ва воҳиди
назорати кӯдак аз ҳад зиёд деворҳо ва шифтҳо ба миён меоянд
ё вақте ки дигар дастгоҳҳои бесими 2,4 ГҲтс фаъол мебошанд
(масалан, танӯри кутоҳмавҷ, роутери Wi-Fi).
Воҳиди волидайнро ба ҷойи дигар гузоред, наздиктар ба воҳиди
назорати кӯдак, ё дастгоҳҳои бесими дигарро хомӯш кунед.
Агар ин ҷавобҳо ба шумо кумак накунанд, ба саволҳои роиҷи дигар
таҳти унвони «Чаро воҳиди волидайн ва/ё воҳиди назорати кӯдак
мағали баландро медиҳад?» нигаред.
Summary of Contents for AVENT SCD831
Page 1: ...SCD831 SCD833 SCD835 ...
Page 4: ... English 2 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 34: ... Azərbaycan 32 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 64: ... Հայերեն 62 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 97: ... ქართული 95 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 130: ... Қазақша 128 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 161: ... Кыргызча 159 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 192: ... Русский 190 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 225: ... Тоҷикӣ 223 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 257: ... Türkmençe 255 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 287: ... O zbek 285 1 16 2 3 4 5 13 14 12 11 6 9 10 8 7 17 18 22 20 19 21 23 25 24 15 ...
Page 316: ... 2022 Koninklijke Philips N V All rights reserved 05 05 2022 ...