Муҳим
Пеш аз истифода бурдани дастгоҳ ин дастурамали
истифодабарандаро бодиққат хонед ва барои истинод дар
оянда захира кунед.
Хатар
-
Ҳеҷ гоҳ пойгоҳ, сими барқ ё васлаки барқро ба об ё дигар
моеъ нагузоред.
-
Риоя накардани дастурҳои тозакунӣ аз карахш метавонад
зарари ҷуброннопазир расонад.
-
Ҳеҷ гоҳ пойгоҳро ҷудо накунед, то хавфи зарбаи электрикӣ
пешгирӣ карда шавад.
Огоҳӣ
-
Ин дастгоҳро ашхоси дорои қобилияти ҷисмонӣ, ҳассосӣ ё
ақлӣ ё таҷрибаи кофӣ ва дониш надошта истифода бурда
метавонанд, агар онҳо дар истифодаи бехатарии дастгоҳ
назорат карда шуда бошанд ва агар хатарҳои эҳтимолро
фаҳмида бошанд.
-
Ин дастгоҳ набояд аз ҷониби кӯдакон истифода шавад.
Дастгоҳ ва сими онро аз дастрасии кӯдакон нигоҳ доред.
-
Кӯдакон набояд бо асбоб бозӣ кунанд.
-
Пеш аз васл кардани дастгоҳ, санҷед, ки оё шиддати дар
дастгоҳ нишондодашуда ба шиддати барқии маҳаллӣ
мувофиқ аст ё не.
-
Агар васлак, сими барқӣ ё худи дастгоҳ осеб дида бошад,
дастгоҳро истифода набаред.
-
Агар сими барқ вайрон шуда бошад, онро бояд аз ҷониби
Philips, маркази хизматрасонии ваколатдоршудаи Philips ё
шахсони соҳибихтисоси шабеҳ иваз карда шавад, то аз
хатар пешгирӣ карда шавад.
-
Дар дохили стерилизатори буғии барқӣ қисмҳои
корношоям мавҷуд нестанд. Стерилизатори буғии барқиро
худатон накушоед, хизматрасонӣ накунед ё таъмир
накунед.
- Тоҷикӣ 149 -